Рубл дар Тоҷикистон боз гарон шуд

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 рубль.
Монеты номиналом 1 рубль.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Бозори пули амрикоӣ ва аврупоӣ дар Тоҷикистон ҳамарӯза ошуфтатар мешавад, аммо рубл бошад, мавқеашро ҳамарӯза мустаҳкамтар мегардонад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъор дар кишварро нашр кардааст, ки тибқи он, рубли русӣ мавқеъашро боз беҳтар кардааст.
Ба ин тартиб, арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон боло рафта ҳамакнун 177,5 сомонӣ барои ҳазор рубл муқарар шудааст.
Ин арз сар аз оғози ҳафта як сомонӣ боло рафтааст.
Бозори пули амрикоӣ бошад ошуфтатар мешавад ва мавқеъи худро ҳамарӯза аз даст медиҳад. Агар як рӯз қабл он дар сатҳи 10,60 сомонӣ барои як доллар буд, пас ҳамакнун 10,58, муқаррар шудааст.
Пули аврупоӣ низ боз каме коҳиш ёфт. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон қурби евроро 11,17 сомонӣ барои як евро муқаррар кард, ки аз аввали ҳафта 11,31 сомонӣ қимат дошт.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Лузянин: это будет началом демонтажа долларовой системы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Пули нави СҲШ: доллар чӣ мешавад? - видео
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 177,5 ва дар фурӯш 179 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 177,5 сомонӣ мехараду ба ивази 182,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 177,5 ва ҳангоми фурӯш 180 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0