Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия дар Украина силоҳҳои нодирро ба кор мебарад: видео

Обуна шудан
Низомиёни артиши Федератсияи Русия бо ёрии қатораи ҳарбии "Волга" минтақаҳои хатарнокро аз мина тоза мекунанд ва роҳҳои тахрибшударо барқарор менамоянд
Вазорати дифои Русия навореро бо қатораи "Волга" нашр кардааст, ки ба кормандони низомӣ дар гузаронидани разведкаи муҳандисӣ дар амалиёти вижа дар Украина, кумак мекунад.
Қатораро мутахассисони қушунҳои роҳи оҳани округи ҳарбии Ғарбӣ таҳия кардаанд. Қатора бо варақаҳои ғафсиашон 10 мм ва дар минтақаҳои муҳим - 20 мм зиреҳпӯш карда шудааст.
Дар платформаҳои қатора як пулемёти вазнин ва як таппончаи зенитӣ, таҷҳизот ва силоҳи оташфишон мавҷуданд.
Нашри сабти зарбаҳои “Ураган” ба мавозеи артиши Украина - видео
Инчунин, қатора бо паноҳгоҳҳо барои тирандозӣ ва дафъ кардани ҳамлаи душман муҷаҳҳаз шудааст.
"Волга" ба низомиёни рус дар поксозии минаҳо ва ҳамчунин барқарор кардани самтҳои харобшудаи роҳ кумак мекунад.
Аз навор дида мешавад, ки чӣ тавр ду чархбол қатораро пайгирӣ мекунанд: онҳо қаторро аз ҳаво муҳофизат мекунанд.
Бозмондаи "Азовстал" даҳшатовар аст - видео
Ба гуфти ронанда Анатолий, "Волга" дар ҷойҳои санҷидашуда зуд ҳаракат карда, аз ҳудудҳои нав, купрукҳо ва дигар иншооти сунъӣ "амалан пиёда" мегузарад.
Лентаи хабарҳо
0