Ҳамдардии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон: Cахт андӯҳгинем

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо намояндагӣ аз ҳукумати кишвар дар робита ба заминҷунбии даҳшатбор дар Афғонистон ба мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кард
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тоҷикистон аз заминларзаи маргбор дар вилоятҳои Пактико ва Хусти афғонистон сахт андӯҳгин аст, менависад котиботи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Ин ниҳод бо намояндагӣ аз Ҳукумати кишвар ба мардуми мотамзадаи Афғонистон изҳори ҳамдардӣ баён намудааст.
"Ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард", - омадааст дар хабарномаи вазорат.
Вазорати умури хориҷӣ таъкид намудааст, ки тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем.
Ёдовар мешавем, шаби 21 ба 22 июн Ҷумҳурии Афғонистонро заминҷунбии қавӣ такон дод.
 Поиск жертв наводнения в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш дар Афғонистон аз 1000 нафар гузашт
Маркази зилзиланигории Амрико эълом кард, заминҷунбӣ бо қудрати 6,1 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) бомдоди чаҳоршанбе ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.
Ба гуфтаи ин марказ, зилзила дар 44-километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51-километрии замин рух додааст. Бар асари ин офати табиӣ беш аз ҳазор нафар сокинони Пактико ва Хусти Афғонистон кушта шуда, ҳамчунин зиёда аз 1,5 ҳазор нафар ҷароҳатдор шуданд.
ларзиши замин ба ҳадде қавӣ буд, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон онро эҳсос кардаанд.
Зилзила дар Афғонистон: дастикам 255 кушта ва садҳо захмӣ дар вилояти Пактико
Билол Каримӣ, сухангӯии давлати толибон дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки “муттаассифона, шаби гузашта зилзилаи шадид дар чаҳор вулусволии вилояти Пактико рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо тан аз ҳамватанони мо куштаву захмӣ шуданд ва даҳҳо хона вайрон шуд”.
“Мо аз ҳамаи ожонсҳои имдодӣ мехоҳем фавран тимҳоеро барои ҷилавгирӣ аз вуқуи фоҷеаи бештаре ба минтақа эъзом кунанд”,- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар натиҷаи як зилзилаи 5,6-дараҷаӣ дар устони Бодғис 26 нафар ҷон бохта, шумори зиёди манозил ҳам тахриб шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0