Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар Тоҷикистон

Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз аввали соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли молу коло, аз ҷумла бо роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ 15,4 фоиз афзудааст
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Аз аввали сол дар Тоҷикистон теъдоди ҳамлу нақли бор тавассути тамоми навъҳои нақлиёт афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба раёсатҳои марбута.
Ҳамин тариқ, аз моҳи январ то майи соли 2022 дар кишвар беш аз 37,7 миллион тонна бор интиқол дода шудааст.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 15,4% бештар аст.
Бо нақлиёти автомобилӣ зиёда аз 35,4 миллион тонна бор кашонда шуд, ки ин назар ба панҷ моҳи соли гузашта 16,3 фоиз зиёд аст.
Бояд қайд кард, ки ҳиссаи воситаҳои нақлиёт 94%-и ҳаҷми умумии борҳои интиқолшударо ташкил медиҳад.
Грузовики на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Маъруфтарин нақлиёт барои ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон маълум шуд
Бо роҳи ҳавоӣ 223 тонна бор кашонда шудааст. Ва тариқи роҳи оҳан дар як сол зиёда аз 2,2 миллион тонна бор кашонда шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистон имкони истифодаи бузургтарин бандарҳои баҳрии Эрон - Чеҳбаҳор ва Бандар Аббосро ба унвони як долони транзити нақлиётӣ баррасӣ кардааст.
Афзоиши даҳбаробарии борбарӣ дар Тоҷикистон
Душанбе ба дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ барои интиқоли коло ва маҳсулот таваҷҷҳи хосса дорад.
Лентаи хабарҳо
0