Аломати вижаи сурхакони ҳамдуна маълум шуд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузаштан ба хазинаи аксВ России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19
В России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Алоими сурхакони ҳамдуна барои олимон чандон мушаххас нест, аммо ин бемориро бо як хусусияти хос ва ногувор метавон аз дигар маризиҳо фарқ кард
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Пайдоиши чирк даруни обиларо метавон аломати хоси сурхакони маймун ҳисобид.
Дар ин бора вирусолог, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия Петр Чумаков хабар дод.
"Вақте ки доғҳои пӯст пайдо мешаванд, онҳоро бо чизи дигар омехта кардан душвор аст. Барои ҳамон коронавирус, он хос нест, аммо дар баъзе щолатщо албатта, дар пӯст доғҳои хурд пайдо мешаванд. Аммо ба ҳар ҳол, барои сурхакони маймун чирки даруни обила хос аст", — кайд кард коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, зуҳуроти ибтидоии сироят ба аломатҳои хоси он монанд нест.
Ҳамчунин, Чумаков дар суҳбат бо "Лента.ру" афзуд, ки сирояти сурхакони маймун тавассути тамоси наздик сурат мегирад. Сироят метавонад, асимптоматикӣ бошад.
Мюнхенская конференция по безопасности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
СҶТ омори нави гирифторони обилаи маймун дар ҷаҳонро эълон кард
Дар ин бора қаблан вирусшинос Сергей Нетесов бо такя ба тадқиқот изҳор карда буд.
Бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.
Обчакони ҳамдуна ба Тоҷикистон ҳам расид? Посухи Вазорати тандурустӣ
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
Лентаи хабарҳо
0