Пешниҳоди эълони авфи муҳоҷирони қонуншикан дар Русия

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкОткрытие миграционного центра
Открытие миграционного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Омбудсмени ҳуқуқи башар дар Федератсияи Русия хостори авф кардани афроде шуд, ки қаблан қонуни будубошро нақз кардаанд, аммо ба ҷиноёти сангин даст назадаанд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Барои паноҳандагоне, ки қаблан қонунҳои муҳоҷиратро нақз кардаанд ва ҳоло дар ҳолатҳои изтирорӣ ба Русия меоянд, авф эълон карда шавад.
Чунин пешниҳодро, омбудсмени ҳуқуқи башар дар Русия Татяна Москалкова ироа кард.
"Он нафароне, ки қонуни муҳоҷиратро нақз кардаанд, вале дар ҳеҷ куҷо қонуншикании дағалона накардаанд аз қабили: қочоқи маводи мухаддир, нақзи дағалонаи қонун ва ҳатто ҷиноятҳо", - гуфт Москалкова.
Ба гуфти ӯ ФСБ ва Вазорати корҳои дохилии Русия дастгирӣ карданд ва ин одамон ба кишвар ворид мешаванд. Вале, ба фикри омбудсмен дар ин росто бояд афв эълон шавад.
Проверка документов сотрудниками ФМС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Коршинос сабаби афзоиши мизони ҷинояткорӣ миёни муҳоҷиронро гуфт
"Ба фикрам, шояд онро ҳамчун як навъ авф барои одамоне, ки қавонини муҳоҷиратро нақз кардаанд, ба расмият даровардан лозим бошад, барои онҳое, ки дар шароити изтирорӣ вориди кишвар мешаванд", - гуфт Москалькова зимни ҷаласаи шӯрои коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия.
Ин дар ҳолест, ки президенти Русия Владимир Путин соли 2021, чанд маротиба авф эълон кард, ки тибқи он мҳоҷирон имкон доштанд дар замони пандемия бидуни санади буду бош дар Русия бимонанд.
Ёдоварӣ ба муҳоҷирон: то 30 сентбяр ҳузуратонро қонунӣ кунед, вагарна депорт мешавед
Ин авф тамдид шуду, муҳлати охирини он 30 сентябри соли 2021 муқаррар гардид.
Сабаби асосии тамдиди ин авф, маҳдудияти парвоз миёни аксари давлатҳо, аз ҷумла, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия буд.
Лентаи хабарҳо
0