Дастури Аҳмадзода барои ислоҳи камбудиҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРаджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд зимни боздидаш аз ноҳияи Ҷаббор Расулов бо зикри пешрафтҳо дар бахши саноат дар бораи камбудиҳои соҳа низ изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар соҳаи саноати ноҳияи Ҷаббор Расулов як қатор мушкилоти ҷиддӣ ҷой доранд, ки бидуни бартараф намудани онҳо рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намудан душвор мебошад.
Ин нуктаро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо фаъолони ноҳия баён дошт.
Ӯ зарур хонд, ки барои истифодаи самараноки майдонҳои истеҳсолӣ, бинову иншоот ва дигар иқтидорҳои бекорхобидаи корхонаҳо, маблағгузориҳои мақсаднок равона карда шавад.
Дар мавриди сарчашмаи маблағ, таъкид шуд, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва шарикони рушд фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия куллан ҷоннок карда шавад.
Шелковичные коконы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2022
Ҳар кило 15 сомонӣ: эҳёи кирмакпарварӣ дар Тоҷикистон баъди ироаи сабукиҳо
Зарур хонда шудаст, ки бо истифода аз василаҳои зикршуда диверсификатсияи истеҳсолот таъмин карда шавад.
Ин таъкиди раиси Суғд дар ҳолест, ки давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи умумии 75,1 млн сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,9 млн сомонӣ ё 27% зиёд арзёбӣ мегардад.
Раиси Суғд аз масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов хостааст, ки дар амалӣ гардондани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ муносибати ҷиддӣ кунанд.
Таъкиди Аҳмадзода ба рушди саноат дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи стратегӣ қарор дода, барои татбиқи он барномаи давлатӣ низ қабул кард.
Лентаи хабарҳо
0