СҶТ омори нави гирифторони обилаи маймун дар ҷаҳонро эълон кард

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксМюнхенская конференция по безопасности
Мюнхенская конференция по безопасности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Паҳншавии вирус дар саросари ҷаҳон идома дорад, аммо коршиносон итминон доранд, ки хатари сирояти ин беморӣ ҳанӯз кам аст
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейюс гуфт, миқёси интиқоли вирус аз одам ба одам паст арзёбӣ шудааст.
Ҳоло дар назди созмон вазифаи муаянсозии беморӣ истодааст, ки оё он "як ҳолати изтирорӣ"-и мавриди нигаронии байналмилалӣ аст ё на.
"Ҳамагӣ шаш ҳафта пеш, ТУТ дар бораи се ҳолати гирифторӣ ба обилаи маймун дар байни одамоне, ки берун аз Британияи Кабир сафар накардаанд, маълумот дарёфт кард. Аз он вақт инҷониб, созмон аз 48 кишвар, аз ҷумла Нигерия, дар бораи беш аз 3200 ҳолати ин беморӣ ва як марг гузориш гирифтааст", - гуфт, Тедрос Адханом Гебрейюс .

Пандемияи нав?

Як ҳафта пеш СҶБ хабар дод, ки 2103 мавриди сирояти обилаи маймун дар 42 кишвари ҷаҳон тасдиқ шудааст. Як ҳолати марг низ ба қайд гирифта шудааст.
Бори аввал дар муддати тӯлонӣ вируси обилаи маймун берун аз минтақаи эндемикӣ дар Британияи Кабир рӯзи 7 май ошкор шуда, дар Аврупо босуръат паҳн шуд.
Қаблан ин беморӣ давра ба давра танҳо дар баъзе минтақаҳои Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ ба қайд гирифта мешуд.
Обезьяна в зоопарке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Дар Суғд гуфтанд, ки чӣ гуна аз паҳншавии обчакони маймун пешгирӣ мекунанд
Аввалин ҳодисаи сирояти обилаи маймун дар бадани одам дар соли 1970 муайян карда шуда буд.
Баъдан, ин ташхис ба одамон борҳо гузошта шуд, аммо, чун қоида, онҳо дар Африқо буданд.
Тибқи мушоҳидаҳои тиббӣ, одатан ин сироят аз ҳайвонот ба одам мегузарад. Дар бораи, роҳҳои паҳншавии сироят ба мутахассисон пурра равшан нест.
Бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.
Обчакони ҳамдуна ба Тоҷикистон ҳам расид? Посухи Вазорати тандурустӣ
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
Лентаи хабарҳо
0