Сомонӣ тақвият меёбад: уфти доллару евро дар Тоҷикистон

6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар бозори арзи Тоҷикистон пули миллӣ устуворияшро дар баробари асъор қавитар мекунад. Асъорҳои маъмулӣ ҳафтаро бо коҳишёбӣ поён медиҳанд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 177,3 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки арзи русӣ давоми ҳафта гарон шуда, як рӯз қабл 1000 рубл 177,5 сомонӣ арзиш дошт.
Пули амрикоӣ бошад, коҳишёбиро аз оғози ҳафтаи қаблӣ сар карда буд ва онро идома медиҳад.
Агар як рӯз қабл як доллар дар сатҳи 10.58 сомонӣ муаян шуда буд, пас ҳамакнун 10.56 муқаррар шудааст.
Евро бошад, аз доллар бештар ва башиддат поин меравад. Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 11.09 сомонӣ медиҳанд, ки нишондод рӯзи панҷшанбе ба 11.17 сомонӣ баробар буд.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Коҳиши бесобиқа қурби доллар дар 7 соли охир
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 177,3 ва дар фурӯш 179 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 177 сомонӣ мехараду ба ивази 182 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 177 ва ҳангоми фурӯш 180 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0