Зӯрозмоии таеквондочиёни тоҷик барои қаҳрамонии Осиё: Моҳрӯ боз медал меорад?

© Страница М.Халимовой в соцсетиМохру Халимова, архивное фото
Мохру Халимова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Зӯрозмоиҳо барои касби унвони қаҳрамони Осиё тайи 4 рӯз дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда, дар он қариб 230 варзишгар аз давлатҳои қора иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии Осиё дар риштаи таеквондо 6 варзишгар намояндагӣ мекунанд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, 25-умин Чемпионати Осиё дар шаҳри Чунчеони Кореяи ҷанубӣ аз 24 то 27 июн идома дошта, дар он 229 варзишгар аз 33 давлати қора ширкат мекунанд.

Тоҷикистонро дар сабқат миёни мардҳо Маҳмадҷон Суннатов дар вазни 63 кило, Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов дар вазни 68 кило ва Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 80 кило намояндагӣ мекунанд.
Дар зӯрозмоиҳо миёни бонувон, намояндагони Тоҷикистон - Ширин Миршакарзода дар вазни 49 кило, Муниса Ойматова дар вазни 53 кило ва Моҳру Ҳалимова дар вазни 67 кило мебошанд.
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон шаш зина боло рафт
Маврид ба зикр аст, ки дар чеминоати Осиё, ки соли гузашта дар шаҳри Бейрут баргузор шуд, Моҳру Ҳалимова, узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар риштаи таеквондо сазовори медали биринҷӣ шуда буд.
Ҳалимова муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Корея, Сонг Да Бин дастболо шуд, аммо дар нимфинал аз варзишгари Урдун, Ҷулйана Содиқ шикаст хӯрд ва ҷои сеюмро гирифта буд.
Варзишгарони дигари ҷумҳурӣ - Шоҳрух Баротов (вазни -58кг), Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-80кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74кг), Муниса Ойматова (-49кг) пас як пирӯзӣ дар чорякфинал, Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68кг) ва Муниса Исматова (-62кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0