Азми Тоҷикистон барои афзоиши тавлиди нерӯи сабз

© Посольство Ирана в ТаджикистанеДалер Джума Шофакир - министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана
Далер Джума Шофакир - министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон дар истифодаи манобеи барқароршавандаи нерӯ ният дорад, ки аз таҷрибаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҳинду Чин истифода кунад
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тоҷикистон ният дорад, тавлиди нерӯро аз ҳисоби манобеи барқароршавандаи нерӯ тақвият бахшад, изҳор дошт Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ.
Вай зимни ҷаласаи дуюми вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд гуфт, дар назар аст, тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон то соли 2030 то ба 700 мегаватт расонда шавад, навиштаанд расонаҳои минтақа.
Аз ин тариқ мақомоти Тоҷикистон азм доранд, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, интиқоли нерӯи сабз ба кишварҳои минтақаро зиёд кунанд.
Дар доираи ин мулоқот вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ, барномаи татбиқи Консепсияи ҳамкорӣ дар риштаи энержӣ ва Барномаи ҳамкории давлатҳо дар бахши манобеи барқароршавандаи нерӯро тасдиқ кардаанд.
Нурекское водохранилище в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2022
Вакил: Захираи энергияи сабзи Тоҷикистон аз талаботи тамоми ОМ як баробар зиёд аст
Ин дар ҳолест, ки захоири энержӣ дар Тоҷикистон бузург арзёбӣ мешавад. Ба иттилои масъулини тоҷик, захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон зиёда аз 527 млрд квт/соатро ташкил медиҳад, ки аз талаботи солонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ як баробар зиёд мебошад.
СҲШ шомили 8 давлат - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон мебошад.
Созмони Ҳамкории Шонгҳой соли 2001-ум дар пайи имзои эъломияи дахлдор аз ҷониби 6 давлат ташкил шуда, соли 2017 Покистон ва Ҳинд вориди он шудаанд. Ҳамкории аъзои созмони мазкур гуногунҷанба буда, аз таъмини суботу сулҳ то табодули донишу таҷриба дар соҳаҳои технология, илм ва фарҳангу маорифро фаро мегирад.
Давлатҳои нозири СҲШ - Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Белорус буда, шарикони он Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0