ВАО: Зеленский мехоҳад амниятии №1-ашро барои ғайрикасбӣ будан барканор кунад

© AP / Natacha PisarenkoПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Нашрияҳои ғарбӣ менависад, ки раисҷумҳури Украина аз кори раиси Хадамоти амниятии ин кишвар Иван Баканов норозӣ аст ва омодааст, ки ба зудӣ ӯро барканор кунад
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский ният дорад, ки раиси Хадамоти амнияти кишвар Иван Бакановро барканор кунад, хабар медиҳад Politico.
Нашрия ба чаҳор мақоми Украина ва як дипломати ғарбӣ ишора мекунад. Ба гуфтаи манбаъҳо, феълан фаъолияти ҳамарӯзаи ХАУ воқеан аз дафтари худи Зеленский назорат мешавад.
"Мо аз кори ӯ бениҳоят норозием ва барои раҳоbb ӯ чораҳо меандешем",- гуфт як манбаи наздик ба президент.
Ҳамсӯҳбат таъкид кард, ки раҳбари Украина аз маҳорати мудириятии Баканов қаноатманд нест. Ҳамакнун мақомот ба шахсе ниёз дорад, ки таҷрибаи идораи зиддибӯҳронӣ дошта бошад.
Саммит Восточного партнерства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Зеленский ба таври ғайридипломатӣ алайҳи Меркел сухан гуфт
Гуфта мешавад, ки норозигӣ аз кори Баканов баъд аз 24 феврал ба вуҷуд омадааст. Ҳукумати Украина гӯё аз набуди вокуниши дуруст ба амалиёти вижаи низомии Русия қонеъ аз кори ӯ қонеъ набудааст.
Дар ҳамин ҳол, дафтари Зеленский ва худи Баканов то ҳол ба дархости нашрия дар бораи тасдиқ ё радди ин далел посух надодаанд.
Рӯзнома ҳамчунин ба тасмими аҷиби сардори собиқи шӯъбаи ХАУ дар вилояти Херсон Сергей Криворучко, ки гӯё бар хилофи дастури Зеленский, ки пеш аз омадани низомиёни Русия ба кормандонаш дастур додааст, ки Херсонро тарк кунанд, ишора кардааст.
Politico афзуд, ки ҳамчунин бисёре аз раҳбарони шӯъбаҳои минтақавии ХАУ фирор карданд ва як нафар ҳатто бинои Хадамоти амниятро дар Чернигов сӯзонд.
Рӯзи 24 феврал Русия ба манзури ҳифзи мардуми осоиштаи Донбасс дар Украина амалиёти вижаеро оғоз кард.
Лентаи хабарҳо
0