Дар Ӯзбекистон ҳукми қатл манъ мешавад

© Фото : Аз хадамоти матбуотии Шавкат МирзиёевБоғи "Ишқобод" дар Тошканд
Боғи Ишқобод дар Тошканд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Лоиҳаи ислоҳот ба Қонуни Асосии Ӯзбекистон манъи ҳукми қатлро низ дар бар мегирад, ки бо пешниҳоди президенти ин кишвар гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 25 июн— Sputnik. Дар лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон", ки нашр шуд, банд дар бораи манъи ҳукми қатл ворид шудааст.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ахиран пешниҳод кард, ки раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ баргузор шавад.
Қаблан ӯ гуфта буд, ки қонуни асосии кишвараш то моҳи декабри соли 2022 нав карда шавад.
Дар охири моҳи май парлумон як комиссияи конститутсионӣ таъсис дод, ки лоиҳаи ислоҳотро таҳия кунад. Рӯзи чоршанбе лоиҳаи қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод шуда, рӯзи ҷумъа дар баррасии аввал тасвиб шуд ва қарор шуд, ки барои муҳокимаи умум нашр шавад.
"Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳукми қатл манъ аст", - гуфта мешавад дар матни лоиҳа, ки дар рӯзномаи парлумонии "Народное слово" нашр шудааст.
Генеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Дар Ӯзбекистон имкон дорад, муҳлати президентиро тамдид кунанд
Моддаи 24-уми Конститутсияи ин кишвар муқаррар менамояд, ки ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи ҷудонашавандаи ҳар як инсон буда, қонунан ҳифз карда мешавад. Аз 1 январи соли 2008 дар Узбакистон ҳукми қатл ба унвони олитарин муҷозот лағв шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки манъи ҳукми қатлро дар ин кишвар Шавкат Мирзиёев пешниҳод карда, афзудааст, ки "таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки шаъну эътибори одам пеш аз хама дар хуқуқи фирии ӯ ба зиндагӣ ифода меёбад".
Ба гуфтаи ӯ, ин яке аз бузургтарин ва муқаддастарин арзишҳост. “Зеро, ки ҳуқуқ ба зиндагӣ ҳуқуқи табиии ҳар инсон аст, ки онро ба ӯ Офаридгор додааст, на давлат".
Лентаи хабарҳо
0