Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қодиров аз озод шудани минтақаи саноатии Северодонетск хабар дод

© Sputnik / Александр Вильф / Гузаштан ба хазинаи аксСАУ "Мста-С" (справа) и система залпового огня ТОС-1А "Солнцепек"
САУ Мста-С (справа) и система залпового огня ТОС-1А Солнцепек  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Чеченистон, дар натиҷаи амалиёти вижа 800 ғайринизомӣ аз ҳудуди корхонаи “Азот” озод карда шуданд. Даргирӣ бо "гурӯҳ"-ҳо давом дорад
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, эълом кард, ки фурудгоҳи Северодонетск ва минтақаи саноатиеро, ки дар он корхонаи “Азот” ҷойгир аст, таҳти назорати худ гирифтааст.

"Минтақаи саноатии Северодонетск ва фурудгоҳ пурра озод карда шуд! <...> Яке аз нуқтаҳои душвори мудофиаи Украина дер истодагарӣ карда натавонист!", — навиштааст ӯ дар шабакаи Telegram.

Ба гуфтаи сиёсатмадор, 800 сокини осоишта аз қаламрави корхона берун карда шуданд. Дар фурӯдгоҳ задухурдҳои маҳаллӣ бо "гуруҳҳои боқимонда" давом доранд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Низомиёни асири украинӣ гуфтанд, чӣ гуна ҳамсафонашон ба пушти онҳо тир холӣ карданд
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Низомиёни Украина ба таври оммавӣ аз ҷанг худдорӣ мекунанд
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
Лентаи хабарҳо
0