Пирӯзии аввали "Хуҷанд" дар Ҷоми КФО: тими туркманиро шикаст дод

© ФФТТими ССКА Тоҷикистон
Тими ССКА Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Обуна шудан
Бозигарони бошгоҳи хуҷандӣ тавонистанд бо бозии ҷолиб шикастро бар ҳарифони туркманашон дар Ҷоми КФО таҳмил кунанд ва се холро ба даст оранд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Барандаи медали нуқраи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022, тими футболи "Хуҷанд" аввалин рақобаташро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2022 бо пирӯзӣ анҷом дод.
Дар доираи мусобиқот бошгоҳи номбурда шоми 24 июн бо тими "Копентаг"- и Туркаманистон вориди майдон шуда, 3:1 пирӯз шуд.
Ду голи Далер Ёдгоров ва як голи Тоҳир Малодустов "Хуҷанд"-ро пирӯз ва соҳиби се хол кард.
Дар бозиҳои дигари интихобии КФО, ки дар Душанбе ҷараён дорад, бошгоҳи ССКА-и Тоҷикистон бозиро бо дастаи дигар Туркманистон "Олтин-Асир" мусовӣ (0:0) кард.
Ҳарду голро дар ин бозӣ дастаи артиш ба самар расониданд. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагари ССКА Элчибек Рашидбеков тубро ба дарвозаи худаш зад. Дере нагузашта, дар дақиқаи 90+3-юм Абдулло Шарифов, нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҳисобро мусовӣ нигоҳ дошт.
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон шаш зина боло рафт
Ёдовар мешавем, ки "Хуҷанд" барои роҳхати ягона ба даври баъдӣ бо қаҳрамони Қирғизистон "Дордой" 30 июн вориди сабқат меҳшавад.
ССКА бошад 27 июн бо дастаи "Согдиана"-и Ӯзбекстон, ки дар даври аввал "Нефтчӣ"-ии Қирғизистонро шикаст дод, рақобат мекунад.
Маврид ба зирк аст, ки бозиҳои КФО-2022 дар гурҳи "Е" дар Душанбе ва "F" дар Бишкек барпо мешавад.
Лентаи хабарҳо
0