Ба раисони шаҳракҳои Суғд Кодекси одоби хидматчии давлатиро фаҳмонданд

© Sputnik / Сергей СубботинПортфели, архивное фото
Портфели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳузури раисон ҳамчунин паёми президенти Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқии низоми идоракунии давлатӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим шарҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар шаҳри Гулистон барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд курси сайёри такмили ихтисос гузаронида шуд.
Ин курс, аз рӯйи барномаи "Татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" роҳандозӣ шудааст.
Курси сайёри такмили ихтисос барои раисони шаҳрракҳои Суғд, панҷ рӯз идома карда аз 20 то 25 июн доир гашт, хабар медиҳад, Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар доираи барномаи таълимӣ ба шунавандагон дар мавзӯъҳои муаррифии паёми раисиҷумҳур, асосҳои ҳуқуқии низоми идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон фаҳмонида шудааст.
Ҳамчунин, барои мақомдорон барои шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим", нақши Стратегияи миллӣ барои давраи то соли 2030,, шарҳи қонун "Дар бораи хизмати давлатӣ", забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, машғулиятҳо гузаронида шудааст.
Оғози давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои ҲХДТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ давраи бозомӯзӣ ташкил шуд
Тибқи гузориши манбаъ, дар қисмати ҷамъбаст ва супоридани гувоҳномаҳои хатми курс, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос Зоҳир Қодирзода ва муовини раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ширкат кардаанд.
Аҳмадзода гуфтааст, ки фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, дар асоси талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ ба роҳ монда шуда, тақвияти фаъолият ва таъмини татбиқи дурусти технологияҳои кадрӣ дар шароити замони муосир аз ҷониби масъулин дар сатҳи маҳал, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот муҳим мебошад.
Раисони шаҳракҳо дар поёни курси сайёри такмили ихтисос соҳиби Гувоҳнома шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0