Русия ироаи кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистонро идома медиҳад

© Пресс-служба посольства РФ в РТПосольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла
Посольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Маскав бо вуҷуди фишорҳои кишварҳои ғарбӣ кумакҳояш ба давлатҳоеро, ки ниёзманд ба маводи ғизоӣ ва маводи сӯхтанд, идома хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Русия то ҳол омодааст, ки уҳдадориҳои худро оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, интиқоли барқ ​​ва нуриҳо иҷро кунад.
Дар ин бора раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханронии худ дар нишасти "БРИКС Плюс" изҳорот дошт.
"Таъкид мекунам, ки Русия як иштирокчии муҳим ва масъулиятноки бозори ҷаҳонии ғизо аст ва мо бешубҳа омодаем, ки минбаъд низ тамоми уҳдадориҳои шартномавии худро оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, интиқоли барқ ​​ва дигар колои муҳимро софдилона иҷро кунем", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, раҳбари Русия афзуд, ки Маскав кумак ба кишварҳои ниёзмандро идома медиҳад.
Аз ҷумла, маводи озуқаворӣ аз Россия ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Куба, Судон ва як қатор дигар мамлакатҳо ройгон дода шудааст.
Посольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Русия ба мактабҳои Тоҷикистон кумаки башардӯстона супурд
Қаблан намояндаи Россотрудничество Иван Иванов гуфта буд, ки Русия ба Тоҷикистон мунтазам китобҳои дарсӣ низ мефиристад.
Ҳамин тариқ, танҳо дар соли 2022 муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ қариб 6,5 ҳазор адад китоб гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0