Шикояти амрикоиҳо аз "дард"-и таҳримҳои зидди Русия

© Sputnik / Максим БлиновФлаг США
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Обуна шудан
Рӯзномаи "New York Times" навиштааст, ки Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо пайомадҳои фарогири таҳримҳои зидди Русияро интизор набуданд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Рӯзномаи "New York Times" дар матлабе навиштааст, ки Амрико ва шарикони аврупоии он ҳеҷ гоҳ интизори фишори иқтисодии пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия набуданд.
Аз ҷумла, дар Амрико ва Аврупо нархи манобеи энержӣ ​​пас аз рад ё эъломи коҳиши воридоти нафти Русия башиддат боло рафт. Дар айни замон нашрия қайд мекунад, ки зери фишори аз таҳримҳо, Маскав танҳо даромади худро аз фурӯши нафту газ зиёд мекунад.
Нашрия аз қавли Эндрю Вайс, муовини директори маркази таҳқиқотии Бунёди Карнегӣ барои сулҳи байналмилалӣ навиштааст: "воқеият ин аст, ки иқтисодҳои ғарбӣ нисбат ба тасаввури ҳукуматҳои онҳо осебпазиртаранд."
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Байден иқрор шуд, ки таҳримҳои зидди Русия ба ИМА зарба заданд
New York Times инчунин пешгӯӣ мекунад, ки ҷумҳурихоҳон аз афзоиши хароҷоти зиндагӣ дар интихоботи миёндавраи конгресс "фоида" хоҳанд бурд. Қаблан Вилям Роҷер, мудири Пажӯҳишгоҳи Иқтисодии Амрико гуфта буд, ки таҳримҳои Амрико алайҳи Русия бо "паррондан ба пои худ" анҷом ёфт.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 24 феврал дар як суханронии телевизионӣ аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои дифоъ аз ҷумҳуриҳои Донбасс хабар дод, ки дар авоили ҳамон ҳафта расман эътироф шуд.
Аз он вақт инҷониб кишварҳои ғарбӣ таҳримҳои зидди Русияро афзоиш дода, теъдоде аз бонкҳои Русияро таҳрим карданд, теъдоде аз мақомоти баландпояи Русияро ба рӯйхати сиёҳ ворид карданд ва дороиҳои онҳо дар хориҷи кишварро масдуд карданд.
Қобили зикр аст, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар оғози ҷаласаи умумии Форуми иқтисодии Санкт-Петербург бо ишора ба таҳримҳои иқтисодии ИМА ва муттаҳидонаш алайҳи Маскав гуфта буд, ки Ғарб натавонистааст иқтисоди Русияро тахриб кунад.
Президент РФ В. Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Путин: ИМА худро фиристодаи Худо медонад
Шарикони мо дар Ғарб дар зери пардаи хаёлҳои геополитикии худ асосҳои байналхалқиро дидаю дониста вайрон карданд.
Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида замоне худро муқаддас медонист, ки дар ҷанги сард пирӯз шуд, дар ҳоле ки даврони якҷониба ва якқутбӣ тамом шуд. Зарари мустақими Иттиҳодияи Аврупо бар асари таҳримҳои зидди Русия ба 400 миллиард доллар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0