Баҳодур Усмонов аз миёни варзишгарони Осиё медали тило гирифт

© twitter \ AIBA_BoxingБаходур Усмонов против россиянина Ильи Шакирова
Баходур Усмонов против россиянина Ильи Шакирова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Обуна шудан
Ба хазинаи дастовардҳои варзишии Тоҷикистон боз як медали тилои дигар аз Мусобиқаи байналмилалии бокс дар Маскав ворид шуд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Баҳодур Усмонов, муштзани шинохтаи кишвар дар "Лигаи бокс. Ҷоми байниқитъавӣ" сазовори медали тило шуд.
Ин мусобиқа рӯзи 25 июн дар шаҳри Маскав бо иштироки варзишгарони рус ва ҳарифони онҳо аз кишварҳои Осиё баргузор гардид.
Мусобиқа ҳарчанд бо пирӯзии муштзанҳои рус анҷом ёфт, вале Баҳодур Усмонов ягона варзишгари Осиё буд, ки ҳарифи худ Александр Девятовро мағлуб кард ва сазовори медали тило гардид.
Муштзанҳои рус ҳарифони худ аз Осиёро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб карданд.
Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байналмилалии бокс дар Финландия соҳиби медали тило шуд
Баҳодур Усмонов, ки Осиёро зери вазни то 63 кг намояндагӣ кард, дар қувваозмоии чаҳорумаш ​​бар муштзани рус Александр Девятов дар "Лигаи бокс. Ҷоми байниқитъавӣ" пирӯз шуд.

Ёдовар мешавем, ки Усмонов моҳи апрели соли равон ба хазинаи дастовардҳои варзишии Тоҷикистон аз Финландия як медали тило оварда буд.
Ин мусобиқа дар Ҳелсинкӣ бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финландия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Украина баргузор шуд.
Усмонов ҳарифони худ аз Арманистону Венгрия мағлуб намуда. дар финал варзишгари шотландиро ҳам мағлуб кард.
Лентаи хабарҳо
0