Шералӣ Кабир ба масъулини ДОМ дар Хоруғ: Мутахассиси геология ва саноат омода кунед:

© МИҲД - Вилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонБоздиди Шералӣ Кабир аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ
Боздиди Шералӣ Кабир аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ки алъон дар ВМКБ қарор дорад, аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ боздид намуд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технология, ки бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар ВМКБ қарор дорад, аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дидан кард.
Бар хабари ҳокимияти вилояти мазкур, Шералӣ Кабирро раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва мири шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни боздид аз донишгоҳи мазкур, Шералӣ Кабир ба тарҳи меъмории донишгоҳи мазкур баҳои баланд дод.
Манбаъ меафзояд, вазир ба масъулини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд, ки мутахассисони соҳаи геология ва саноатро омода намоянд.
Ӯ гуфт, ин мутахасиисон бо Вазорати саноат ва технология ҳамкорӣ намуда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи диёр саҳмгузор хоҳанд шуд.
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Пас аз супориши Раҳмон сохтмони роҳи Қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшон расман оғоз шуд
Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара аз ҳаводиси ахир, ки дар ВМКБ рух дод, зикр намуд ва ба аксар вазирону раисон супориши қатъӣ дод, ки ба ин вилоят сафар кунанд.
Ӯ аз ҷумла ба Вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон, Шералӣ Кабир супориш дод, ки аз ВМКБ боздид кунад ва давоми даҳ рӯз тамоми шарту шароити ин минтақаи дурдасти кӯҳиро омӯхта аз пайи ташкил додани корхонаҳои хурди саноатӣ шавад.
Дар баробари Шералӣ Кабир, алъон вазири тандурустӣ, нақлиёт, кишоварӣ ва чандин мақомдорони дигар низ дар ВМКБ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0