Ошкор шудани ҳазорҳо ҳолати мошинсаворӣ бо шишаҳои сиёҳи бидуни иҷозатнома дар Тоҷикистон

© PixabayТонированное стекло у машины, архивное фото
Тонированное стекло у машины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ҳазорҳо ҳолати идораи мошинро бо шишаҳои сиёҳ ошкор кардаанд, ки иҷозати мақомоти дахлдорро барои ин кор надоштаанд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Солҳои 2019 - 2021 ва се моҳи авали соли 2022 беш аз 3,5 ҳазор ҳолати идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва ё шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозати мақомот ошкор шудаанд.
Дар ин бора Саиднақш Раҳмонзода, ноиби вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни ҷаласа дар парлумон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, нисбати вайронкунандаҳои меъёри мазкур санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дастандаркорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Раҳмонзода тавзеҳ дод, ки барои осонии кори нозирони роҳ варақаи иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира ба гурӯҳҳои "А", "В" ва "С" ҷудо карда шудаанд.
Аз ҷумла "А" барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуӣ ва шишаи қафо, "В" барои шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаҳои қафо ва "С" барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо муқаррар шудаст.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Бо мошин ба мактаб рафтӣ, модаратро ҷазо медиҳанд: қонуни нав дар Тоҷикистон
Нархи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои бароришашон баъди 1 январи соли 2005 аз оғози соли оянда 5 ҳазору 504 сомонӣ хоҳад шуд. Феълан ин нишондиҳанда 5 ҳазору 160 сомонист.
Маврид ба зикр аст, ки нархи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои бароришашон баъди 1 январи соли 2005 аз оғози соли равон ҳудуди 5,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бар асоси муқаррароти ҷорӣ, дар Тоҷикистон арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, ки аз 1 январи соли 2022 он муодили 4 ҳазору 160 сомонӣ мебошад.
Ин меъёр барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳост.
Дар баробари ин интихобҳои гуногун барои шаҳрвандон дастрасанд. Аз ҷумла соҳиби мошини истеҳсолаш то соли 2005 метавонанд ба ивази 35 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, танҳо шишаҳои дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафоро сиёҳ кунанд. Танҳо барои шишаи қафо арзиши яксолаи сиёҳкунӣ 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 448 сомонӣ мебошад
Барои мошинҳои истеҳсолашон баъди 1 январи соли 2005 нархи сиёҳ кардани шишаҳои дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо 45 нишондиҳанда барои ҳисобҳост. Танҳо шишаи қафо 12 нишондиҳанда – 768 сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0