Барқасди Русия сармозада мешаванд: Хазанов дар бораи сиёсати энержии ИА

Обуна шудан
Барои Иттиҳоди Аврупо даст кашидан аз гази табиии Русия чӣ пайомад дошта метавонад ва оё метавон оқибатҳои онро осон бартараф кард
Иддаои мақомдорони Иттиҳоди Аврупо дар мавриди имкони дасткашӣ аз интиқоли газ аз Русия хусусияти сиёсӣ дошта, ғайривоқеӣ мебошад, изҳор дошт иқтисодшинос Леонид Хазанов.
Коҳиши ҳарорат дар манзилҳои истиқоматии сокинони Иттиҳоди Аврупо ба андозаи ду дараҷа имкон медиҳад, ки аз интиқоли газ тариқи "Маҷрои шимол" даст кашида шавад, гуфт, раиси Комиссияи Аврупо, Урсула фон дер Ляйен.
Хазанов чунин иддаоро ғайривоқеӣ хонда, таъкид намуд, ки дар амал татбиқнашаванда мебошанд.
Ӯ гуфт, ба воситаи газ на танҳо хонаҳо дар Аврупо гарм мешаванд, балки он ба таври густурда дар саноат, аз ҷумла бахши кимиё дар Олмон истифода мешавад. Даст кашидан аз гази Русия барои тамоми Аврупо хисороти зиёд дар пай хоҳад дошт.
Расонаҳо: норасоии газ дар Олмон иқтисоди ИА-ро ба қафо мекашад
Ин дар ҳолест, ки ахиран нахуствазири Белгия Александр де Крос ҳушдор дод, ки агар Олмон ба далели камбуди газ ба мушкилот дучор шавад, барои тамоми Иттиҳодияи Аврупо "эффекти домино" хоҳад дошт, навиштанд расонаҳои аврупоӣ.
Инчунин Роберт Ҳабек, вазири иқтисоди Олмон хостори коҳиши масрафи газ дар ин кишвар дар ҳама ҷо ба далели сар задани бӯҳрон шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, камбуди маводи сӯхт метавонад боиси мутаваққиф шудани тамоми равандҳои бозор гардад, ки ба қатъи пурраи бархе аз соҳаҳо таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0