Русия ба Тоҷикистон 380 миллион рубл мефиристад

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкРоссийский рубль
Российский рубль  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Обуна шудан
Ин маблағ барои мактабҳои муштараки русӣ-тоҷикӣ, ки дар Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода ва Хуҷанд дар соли нави хониш ифтитоҳ мешаванд, ҷудо гардидааст
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ҳукумати Русия барои кумак ба панҷ мактаби муштараки русиву тоҷикӣ аз будҷаи давлат ҳудуди 378 миллион рубл ихтисос хоҳад дод.
Фармони дахлдор, ки Михаил Мишустин-нахуствазири Русия имзо кардааст, рӯзи шанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд.
"Ба Вазорати маорифи Русия барои соли 2022 маблағҳои буҷетӣ ҳамчун кумак ба 5 муассисаи муштараки таҳсилоти умумии Русия ва Тоҷикистон, ки дар доираи татбиқи созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ҷудо карда шавад", - омадааст дар санад.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Лавров гуфт, дар Тоҷикистон чанд мактаби нави русӣ боз мешавад
Тибқи ин санад, ҳаҷми умумии маблағе, ки барои ташкил ва фаъолияти ин мактабҳо ҷудо мешавад, ҳудуди 378 миллион рублро ташкил медиҳад.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як матлабе дар "Российская газета", ки ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр шуд, аз ифтитоҳи 5 мактаби таълими забони русӣ дар Тоҷикистон аз 1 сентябр хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, таҳсил дар мактабҳои русзабон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шартҳои баробар ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд.
Вазир афзуд, ҳамасола ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия таҳсил мекунанд, ки 60 ҳазор нафари онҳо аз ҳисоби буҷаи федералӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0