Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати мудофиа: Северодонетск таҳти назорати ҶМЛ гузашт

© APПожилые жители Херсона разговаривают с российскими военными
Пожилые жители Херсона разговаривают с российскими военными - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷангҳо барои ин шаҳр дар вилояти Луганск беш аз як моҳ идома карданд, нерӯҳои украинӣ бо талафоти бузург тасмим гирифтанд, манотиқи Северодонетскро тарк кунанд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Северодонетск, инчунин деҳаи Боровское ва шаҳракҳои Вороново ва Сиротино таҳти назорати пурраи ҶМЛ қарор гирифтанд. Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.
Бар хабари манаъ, масоҳати умумии қаламрави озодшуда 145 километри мураббаъ аст, тақрибан 108 ҳазор нафар дар шаҳракҳое, ки дар зери назорати нерӯҳои ҶМЛ қарор доштанд зиндагӣ мекунанд.
Далели он, ки низомиёни украинӣ тасмим гирифтанд, ки шаҳрро тарк кунанд, рӯзи дигар маълум шуд.
Раҳбари маъмурияти низомии вилояти Луганск Сергей Гайдай қайд кард, ки инфрасохтори шаҳр вайрон шуда, 80-90 дарсади хонаҳо тахриб ё осеб дидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Министр обороны РФ генерал армии Сергей Шойгу проинспектировал российскую группировку войск, задействованную в СВО на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Шойгу гурӯҳбандии нерӯҳои Русияро, ки дар амалиёти вижа ширкат доранд, тафтиш кард - видео
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Қодиров аз озод шудани минтақаи саноатии Северодонетск хабар дод
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
Лентаи хабарҳо
0