Додон: Молдова пиёдае дар бозии геополитикӣ бар зидди Русия аст

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Молдовы Игорь Додон, архивное фото
Президент Молдовы Игорь Додон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури пешини Молдова ахиран гуфт, Кишинёв ҳамчун номзади узви Иттиҳодияи Аврупо ба як пиёдае дар бозии Ғарб алайҳи Русия табдил меёбад
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Ба гуфтаи Игор Додон, раисҷумҳур пешин ин кишвар, Малдова мақоми номзад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупоро гирифт, то Ғарб онро дар бозии геополитикӣ алайҳи Русия истифода намояд,
"Молдова мақоми номзади Иттиҳодияи Аврупоро на барои пуштибонии иқтисодӣ, балки барои кашида шудани ин кишвар ба бозиҳои геополитикии Ғарб алайҳи Русия гирифт. Шитобе, ки мо дар баробари Украина бо набудани ислоҳотҳо ба унвони номзад пазируфта шудем, аз он шаҳодат медиҳад, ки Молдова дар майдони сиёсии шатранҷи Ғарб нақши пиёдаро дорад”, — қайд кард Додон Telegram-канали худ.
Вай қайд кард, ки дар Молдова метавонанад равандҳои низомию сиёсро таҷрибаомӯзӣ кунанд ва оқибаташ барои кишвар фоҷиабор хоҳад буд.
Президент Молдавии Игорь Додон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Додон: Иттиҳоди Аврупо эҳтимол ба зудӣ аз байн равад
Кишвар на танҳо барои аз даст додани шариконаш дар Шарқ, балки барои аз даст додани як қисми ҳудудаш ҳам хавф дорад.
Додон таъкид мекунад, ки ҷумҳурӣ дар тӯли чанд даҳсолаи оянда узви Иттиҳодияи Аврупо нахоҳад шуд, аммо аллакай омода аст ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ҳамроҳ шавад, зеро ин гӯё шарти ҳатмист.
Собиқ президент ёдовар шуд, ки Туркия хеле пештар мақоми номзадро гирифтааст, аммо аз таҳримҳо пуштибонӣ намекунад.
"Ҷанги Ғарб бо Русия ҷанги мо нест. Сиёсати Молдова бояд дар асоси усулҳои соҳибихтиёрӣ ва бетарафӣ, равобити судманд бо Шарқу Ғарб бо назардошти манфиатҳои миллӣ асос ёбад. Дар акси ҳол, мо худамонро аз ҷиҳати иқтисодӣ хароб хоҳем кард ва эҳтимол аст ҳамчун давлат аз байн равем”, -гуфт Додон.
Премьер-министр Греции Кириакос Мицотакис - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Митсотакис: Аврупо дар ҳолати ҷанг қарор дорад
Сарони давлат ва ҳукуматҳои Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти рӯзи 23 июн дар Брюссел додани мақоми номзад ба узвият ба Иттиҳодияи Аврупо ба Украина ва Молдоваро тасвиб карданд.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин эъломи омодагии худ барои додани мақоми номзад ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ба Гурҷистон пас аз иҷрои як идда шартҳо эълом шуд.
Макрон пешниҳоди дурнамои аврупоӣ ба Украина, Молдова ва Гурҷистонро "як огаҳӣ ба Русия" номид.
Лентаи хабарҳо
0