Душанбеву Теҳрон иктишофу баҳрабардорӣ аз захоири нафтӣ ва гази кишварро баррасӣ карданд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДобыча нефти в Татарстане
Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Ҳайате аз Тоҷикистон ба хотири пайгирӣ ва иҷрои бандҳои тафоҳумномаҳо ва тавофуқҳои ба имзорасида миёни мақомоти тоҷику эронӣ ба Теҳрон сафар кард
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Аҳмади Асадзода, муовини умури байналмиллалӣ ва бозаргонии вазири нафти Эрон ахиран дар Теҳрон бо ҳайати расмии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ, Аҳмади Асадзода бо ҳайате аз Тоҷикистон ба раёсатии Бахтиёри Шарифӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар ва ҳамроҳии Шарифаи Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва дигар мақомдорони тоҷик дидор ва гуфтугӯ кард.
Гуфта шудааст, ки ин ҳайаи Тоҷикистон ба хотири пайгири ва иҷрои моддаҳои тафоҳумномаи ва тавофуқҳои ба имзо расида ба Теҳрон сафар кардаанд.
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Шаҳриёри Афандизода: Мизони транзитӣ байни Теҳрону Душанбе бояд афзоиш ёбад
Қайд карда шудааст, ки бо муовини умури байналмиллалӣ ва бозаргонии вазири нафт ба унвони раиси коргурӯҳи муштараки энергӣ дар бораи ҳамкориҳои мухталифи ҳавзаи энергӣ аз ҷумла иктишоф ва баҳрабардориҳои нафтӣ ва газии он кишвар ва ироаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва ҳамкориҳои омузишӣ мулоқот ва музокира кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар Теҳрон масъалаи афзоиши мизони ҳамлу нақл ва транзити миёни Душанбеву Теҳрон баррасӣ шуд.
Шаҳриёри Афандизода, муовини ҳамлу нақли Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон дар ин дидор бо ишора ба вуҷуди масирҳои муштараки миёни ду кишвар бар зарурати афзоиши транзиту содироту воридоти Эрону Тоҷикистон таъкид кард.
Вай гуфт, Эрон барои ҳар гуна ҳамкорӣ дар шаклҳои мухталифи ҳамлу нақл аз ҷумлаи ҷодаӣ, роҳи оҳанӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ омодагӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0