Коҳиши тавлиди семент дар Тоҷикистон

© Sputnik / Валерий ТитиевскийПроизводство цемента на заводе, архивное фото
Производство цемента на заводе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши истеҳсоли семент дар кишвар хабар додаанд, аммо сабаби қоҳиши тавлид аз сӯйи онҳо ироа нашудааст
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Дар Тоҷикистон истеҳсоли семент коҳш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто” дар истинод ба маълумоти бахши саноатии кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, истехсоли цемент 8,6 дарсад коҳиш ёфтааст.
Танҳо дар панҷ моҳи соли равон дар кишвар беш аз 1 миллиону 649 ҳазор тонна семент тавлид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 наздик ба 155 ҳазор тонна ё 8,6% камтар аст.
Сабабҳои кам истеҳсол шудани семент дар кишвар аз сӯйи мақмот шарҳ дода нашудааст.
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Дар ноҳияи Айнӣ корхонаи истеҳсоли семент месозанд
Дар бораи ҳаҷми содироти ин навъи масолеҳи сохтмонӣ низ маълумот нест.
Дар маҷмуаи оморӣ барои содироти семент сутуни алоҳида мавҷуд нест. Цемент ба гурӯҳи махсулоти маъданӣ дохил мешавад, ки он инчунин маъдан, консентрат, махсулоти нефтӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар солҳои қаблӣ ҷумҳурӣ ҳар сол беш аз 1,5 миллион тонна семент содирот мекард. Ин масолеҳи сохтмонӣ асосан ба кишварҳои ҳамсоя – Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содирот мешуд.
Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхона ба тавлиди ин мавод машғул аст. Иқтидори солонаи онҳо дар маҷмуъ 5,6 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Вид на город Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2022
Сармоягузорони рус дар Афғонистон корхонаи тавлиди семент месозанд
Истеҳсолкунандагони асосӣ ҶДММ "Ҷунтай Моҳир" ва ҶДММ "Хуаксин Ғаюр Семент" дар Ёвон, инчунин "Хуаксин Ғаюр (Суғд) Семент" мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли қаблӣ дар кишвар беш аз 4,2 миллион тонна семент тавлид шуда буд. Тибқи омор, ҳамасола ҳудуди 1,5 миллион тонна аз ҳаҷми умумии маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя содир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0