Посухи Кремл ба даъвати Путин барои иштирок дар ҷаласаи G20 маълум шуд

© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкАвтомобильное движение на Кремлевской набережной в Москве
Автомобильное движение на Кремлевской набережной в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Ёвари раисҷумҳури Русия мегӯяд, Маскав ба даъвати ҷониби Индонезия барои иштирок дар ҷаласаи роҳбарони "Бистгонаи бузург" ҳавасмандияшро баён кардааст
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Кремл ба даъватномаи президенти Идонезия Ҷоко Видодо, ки хостори иштироки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҳамоиши сарони G20 дар Бали шудаст, посухи мусбат дод.
Дар ин бора Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Нишасти G20 рӯзҳои 15-16 ноябр дар Бали ба нақша гирифта шудаст.
"Мо даъватномаи расмиро гирифтем, ки дар пасманзари ҳаводиси охир хеле муҳим аст, чун индонезиҳо таҳти фишори кишварҳои дахлдори ғарбӣ қарор доранду доштанд", - изҳор дошт Ушаков.
Ёвари раисҷумҳури Русия илова намуд, ки аллакай даъватнома унвонии Путинро гирифтаанд ва Кремл посухи мусбат дода, ҳавасмандияшро барои иштирок дар ҳамоиш баён доштаст.
Канцлер ФРГ Олаф Шольц - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Набояд монеагузорӣ кард: Назари Шолтс дар бораи ҷаласаи G20 бо иштироки Русия
Мулоқоти роҳбарон ҳузурӣ дар назар аст, аммо пандемия метавонад таъсир дошта бошад, чун бархе кишварҳо ҳанӯз барои рафтуомад пурра боз нашудаанд, гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ушаков, ҳамаи ин масоил дар мулоқоти Путин бо Видодо, ки 30 июн дар Маскав дар назар аст, баррасӣ хоҳад шуд.
Қаблан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки дар сурати иштироки Русия дар ҳамоиши роҳбарони "Бистгонаи бузург" аз ширкат худдорӣ мекунад.
Аммо мақомдорони аврупоӣ мухолифташонро бо чунин шеваи кор баён доштанд. Аз ҷумла Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо низ мухолифташро ба бойкоти ҷаласаи "Бистгонаи бузург" ба далели иштироки Русия баён дошт.
Вай дар мусоҳиба бо ZDF гуфт, ки "Бистгонаи бузург" хеле муҳим аст ва набояд иҷоза шавад, ки муноқиша бо Маскав ба фаъолияти он таъсир расонад.
Лентаи хабарҳо
0