Манбаъ: ИМА пешниҳоди ҳамкорӣ дар табодули асирон аз Украина кард

© AFP 2023 / GIUSEPPE CACACEВид на Дубай
Вид на Дубай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Мақомдорони баландпояи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - ИМА эълон кардаанд, дар робита ба табодули асирону боздоштшудагон бо Украина мусоидат хоҳанд намуд
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Русия пешниҳод кардааст, ки метавонад дар табодули асирон бо Украина мусоидат намояд, хабар дод манбаи РИА "Новости".
"Мақомдорони баландпояи Имороти Муттаҳидаи Араб бо назардошти вазъи феълӣ дар Украина ба ҷониби Русия муроҷиат карда, мусоидаташонро дар табодули боздоштшудаҳою асирон пешниҳод намуданд", - гуфтаст мусоҳиби хабаргузорӣ.
Таъкид шудааст, фаҳрасти аз тариқи миёнаравии ИМА пешниҳодшуда, зимни коркарди рӯйхати асирон ба назар гирифта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия гуфт, чанд модари асирони украинӣ ба ӯ муроҷиат карда, хостаанд, ки фарзандонашонро барнагардонанд. Муроҷиаткунандаҳо аз он изҳори нигаронӣ намудаанд, ки фарзандонашонро боз ба ҷабҳа мефиристанд ва ё таҳти фишор қарор медиҳанд.
Сдача в плен украинских боевиков с территории Азовстали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Низомиёни Украина ба таври оммавӣ аз ҷанг худдорӣ мекунанд
Қаблан ба Радаи олии Украина лоиҳаи қонун пешниҳод шуд, ки бар асоси он асирони ҳарбӣ дар сурати табодулу бозгашт ба ватан аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли равон амалиёти вижа дар Украинаро оғоз кард. Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
Лентаи хабарҳо
0