Мақомоти Эрон аз тақвияти равобит ва ҳамлу нақл бо Тоҷикистон хабар дод

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мудири кулли дафтари тиҷорисозӣ ва умури созмонҳои Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон гуфт, Теҳрону Душанбе барои тақвияти ҳамкориҳо ба тавофуқ расиданд
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Амини Тарфаъ гуфтааст, ки Эрон ва Тоҷикистон барои эҷоди кумитаи муштараки ҳамлу нақл ба манзури мурури ҳамаи ҳавзаҳои ҳамлу нақл бартараф кардани монъеҳо ва тақвияти ҳамкориҳо ба тафоҳум расиданд, иттилоъ додааст Хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба пойгоҳи хабарии Вазорати роҳу шаҳрсозӣ.
Оқои Тарфаъ илова кардааст, ки Теҳрону Душанбе узви мувофиқатномаҳои ҳамлу нақли мухталиф аз ҷумла долони шимол-ҷануб, долони ҳамлу нақли ЭКО ва Тросико буда ва дар заминаи иртибототи ҳамлу нақли мувофиқатномаҳои зиёди миёни ду кишвар имзо шуда аст.

“Тиҷорати ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон дар соли 1400 ҳудуди 45 дарсад рушд ёфта аст, аммо ҳамчунон зафрияти ду кившар барои тиҷорати бештар аз ин рақамҳо аст”, қайд кард мудири кулли дафтари тиҷорисози ва умури созмонҳои Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон.

Ҳамзамон оқои Тарфаъ афзудааст, колоҳои содиротии Тоҷикистон ва Эрон маҳсулоти кишоварзӣ, хушкбор, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти нефту кимё, ширинӣ ва шоколот, маҳсулоти саноатӣ, лавозими электроникӣ ва лавозими хонагӣ аст ва зиёди коллоҳи воридоти низ пахта ва пилаи абрешим аст.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Эрон ва Русия созишномаи ҳамкориро баррасӣ карданд
Мудири кулли дафтари тиҷорисозӣ ва умури созмонҳои Вазорати роҳу шаҳрсозӣ ҳамчунин зикр кардааст, ки зерсохтҳои ҳамлу нақлии Эрон фурсати муносиби барои афзоиши транзити байналмиллалии Тоҷикистон аст, ки метавонад барои ҳамли бор ба Туркия ва Аврупо аз масири Эрон истифода кунад.
Лентаи хабарҳо
0