Моҳрӯ Ҳалимова дар Кореяи Ҷанубӣ медал гирифт

© Страница М.Халимовой в соцсетиМохру Халимова, архивное фото
Мохру Халимова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии Осиё дар риштаи таеквандо шаш варзишгар намояндагӣ карданд, вале танҳо як нафари онҳо ба гирифтани медал даст ёфт
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Моҳрӯ Ҳалимова варзишгари тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё дар бахши таеквандо сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора котиботи Кумитаи миллии олимпӣ хабар дод.
Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Чунчеони Кореяи Ҷанубӣ аз 24 то 27 июн идома кард.
Манбаъ меафзояд, Тоҷикистонро дар мусобиқаи таеквандо шаш варзишгар, аз ҷумла Маҳмадҷон Суннатов, Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов, Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов, Ширин Миршакарзода, Муниса Ойматов ва Моҳру Ҳалимова намояндагӣ намуданд.
Зӯрозмоии таеквондочиёни тоҷик барои қаҳрамонии Осиё: Моҳрӯ боз медал меорад?
Моҳрӯ муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Қатар Марам Фетнасси пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулиана Ал-Содиқ мағлуб гардида, ҷои сеюмро гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки дар қаҳрамонии Осиё 229 варзишгар аз 33 давлати қора ширкат варзиданд.
Ин чорум медали Моҳрӯ Ҳалимова дар қаҳрамонии Осиё мебошад. Ӯ соли 2016 медали нуқра ва солҳои 2018, 2021 медали биринҷии Қаҳрамонии Осиёро сазовор гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0