Песков: Русия ба ҳуқуқи ҶМЛ ва ҶМД барои тасмимгирӣ дар бораи ояндаи худ эҳтиром мегузорад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузаштан ба хазинаи аксПросветительский марафон "Новое знание". День второй
Просветительский марафон Новое знание. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Котиби матуотии раисҷумҳури Русия ҳамчунин суолро дар бораи дурнамои амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ба Вазорати мудофиа ирсол кард
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Русия ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганскро барои мустақилона ҳал кардани масъалаи ояндаи худ эҳтиром мекунад.
Дар ин бора Дмитрий Песков котиби раисҷумҳури Русия ба хабарнигорон изҳор дошт.

"Мо борҳо гуфта будем, ки ояндаи ҳам ҶМЛ, ҳам ҶМД ва ҳам дигар қаламравҳои Украинаро бояд сокинони ин қаламравҳо ҳал кунанд, ин ҳуқуқи соҳибихтиёрии онҳо ва қарори соҳибихтиёрии онҳост, албатта. Мо ин ҳуқуқро эҳтиром мекунем", - гуфт Песков.

Вай ҳамчунин масъалаи дурнамои амалиёти вижаи низомиро ба Вазорати дифоъ ирсол кард.
"Ин салоҳияти низомиён аст, ман дар ин бора чизе гуфтанӣ нестам", - гуфт сухангӯи Кремл.
Оғози амалиёти вижа дар Донбасс аз сӯйи раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 24 феврал, чанд рӯз баъд аз эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск эълом шуд.
Председатель Комитета Госдумы РФ по международным делам Леонид Слуцкий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Слутский гуфт, кай Донбассу Херсон ба Русия мепайванданд
Сарвари давлати Русия аҳдофи амалиёти вижаро "ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз зери наслкушӣ аз сӯйи режими Киев қарор гирифтаанд". Вазорати дифои Русия итминон дод, ки онҳо танҳо ба инфрасохтори низомии Украина ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд.
Артиши Русия то кунун тавонистааст тамоми вилояти Херсон ва як қисми Запорожеро озод кунад ва таҳти назорати худ бигирад. Маъмурияти муваққатии ташкилшуда дар минтақаҳои озодшуда азми худро барои пайвастан ба Русия баён доштааст.
Лентаи хабарҳо
0