Сафарҳои Владимир Путин ба Тоҷикистон

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишвардори Русия сар аз соли 2000 ба ин сӯ дастикам даҳ бор аз Тоҷикистон боздид намудааст. Инак, рӯзи 28 июн сафари яздаҳумини ӯ сурат мегирад
Интизор меравад, рӯзи 28 июн раисҷумҳури Русия, Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Ин нуҳумин сафари кишвардори Русия давоми 22 соли ахир хоҳад буд.
Тибқи маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон гирд овардааст, соли 2000 Владимир Путин бо сафари корӣ меҳмони Тоҷикистон шуд. Он замон Душанбе мизбони вохӯрии сарони давлатҳои "Панҷгонаи Шанхай" буд.
Пасон соли 2001 ташриф овард ва баъд аз он думаротибаи дигар солҳои 2003 ва 2004 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Аз иқтисод то амнияту пайвастан ба ИИАО: Путин ва Раҳмон чиро баррасӣ мекунанд
Сафарҳои баъдии роҳбари Русия солҳои 2007 ва 2012 сурат гирифта, пас аз он соли 2014 ва 2015 як маротибагӣ Владимир Путин ба Тоҷикистон омада буд.
Аз соли 2017 то 2019 кишвардори Русия се маротиба озими Тоҷикистон шуд.
Бо авҷ гирифтани бемории коронавирус, аз соли 2020 то ба имрӯз сафари Владимир Путин ба ҷумҳурӣ дигар сурат нагирифт. Ҳамакнун, бо гузашти се сол роҳбари Русия, Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.
Суҳбати як ба як: Кремл бархе тафсилоти сафари Путин ба Душанберо гуфт
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.
Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.
Қаблан, сухангӯи Кремл сафари роҳбари Русия ба Тоҷикистонро тасдиқ намуд ва изҳор дошт, ки дар Душанбе мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0