Сели харобиовар дар Ворух - видео

© Sputnik Сел в Ворухе
Сел в Ворухе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Лойоба аз каналу ҷуйборҳо берун шуда, ба манзилҳои сокинон даромада, барои сокинони ин ҷамоат хисоротеро ба дунбол боқӣ гузоштааст
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Бино ба гуфти сокинон ҳодисаи табиӣ соатҳои 17-и дирӯз дар деҳаи Хушободи ҷамоати Ворухи Исфара ба вуқуъ омадааст.
Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки селфароии дирӯза манзили чанде аз сокинонро хароб намудааст.
"Хушбахтона ба худи сокинон осеб нарасонидааст. Ҳоло комиссияи хос ба ьисоби кормандони ситоди ҳолатьои фавқуллода ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, хисороти расидаро маълум мекунанд" - гуфт, Шомадов.
Дар ҳамин ҳол чанде аз сокинони деҳаи Хушободи Ворух гуфтанд, ки селфароӣ ба дараҷае шадид буд, ки аз сатҳи каналу ҷуйборҳо берун шуда роҳҳои мошингард ва манзили сокинонро хароб намудааст.
Зимнан мақомоти КҲФ шумори дақиқи иморату иншоотҳои тахрибшударо дар дар умум хисороти расидаро таҳқиқ мекунанд.
Илова бар ин, тибқи иттилои Зубайдулло Шомадов, бо мақсади саривақтбартарафнамуданипайовардҳоиин офати табиӣ таҳти сарварииРаиси шаҳри Исфара БаҳодурзодаБаҳоваддинфавран ситоди корӣ таъсис дода шуда, масъулинимақомотииҷроияи ҳокимиятидавлатиишаҳр якҷоя бо мутахассисонисохторҳоимарбута ва ҷалби техникаҳоизарурӣ ба дехаи Ворух сафарбаркарда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0