Афғонистониҳо дар садри феҳристи ғамгинтарин мардуми ҷаҳон: толибон рад карданд

© AFP 2022 / Bulent KilicЖенщина в бурке в автобусе в Кабуле
Женщина в бурке в автобусе в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Гузориши ниҳоии “Goloop” нишон медиҳад, ки 74 дарсад аз шаҳрвандони Афғонистон дар изтироб ва нооромӣ ба сар мебаранд. Аммо толибон ин гузоришро рад мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Маркази пажуҳишгоҳи “Goloop” як назарсанҷӣ анҷом додааст, ки тибқи он Афғонистон аз лиҳози "шохиси таҷрубаи авотифи манфӣ" дар ҷаҳон дар садри қарор дорад ва мардуми Афғонистон камтарин мизони авотифи мусбат дар ҷаҳонро таҷриба мекунад.
Арзёби, ки натоиҷи он ахиран мунташир шуд, маълум кардааст, ки аз соли 2017 ба истиснои соли 2020, ки маркази пажуҳишӣ натавонистааст бар асари эпидемияи вируси корона назарсанҷиашро анҷом диҳад, мардуми Афғонистон камтарин мизони авотифи мусбат дар сатҳи ҷаҳониро таҷриба кардаанд.
Бар асоси раъйпурсии ин марказ, 74 дарсади афғонҳое, ки дар назарсанҷӣ ширкат доштанд, гуфтаанд, ки дар соли 2021 ҳадди аксар изтиробро таҷруба кардаанд.
Талибы стоят на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Вазири дифои Русия гуфт, вазъият дар Афғонистон вахимтар мешавад
Бар асоси ин назарсанҷӣ, дар соли 2021 тавассути Шохиси эҳсосоти манфӣ, Афғонистон бо 32 хол на танҳо дар сатҳи поинтарин аст, балки дар муқоиса бо дигар кишварҳое, ки Маркази пажуҳишҳои Gloop дар 16 соли охир мавриди назарсанҷӣ қарор додааст, дар сатҳи пасттарин қарор дорад.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, Афғонистон дар соли 2021 аз Ироқ, ки ду сол пайиҳам дар садри шохиси таҷрибаи авотифи манфӣ қарор дошт, ақиб задааст.
Пурсиш нишон дод, ки мардуми Лубнон дар соли 2021 мисли афғонҳо изтиробро таҷруба кардаанд.
Аммо дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамагӣ 12 дарсади мардум гуфтаанд, ки дар соли 2021 изтиробро эҳсос кардаанд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки мардуми афғон то ба қудрат расидани Толибон дар буҳрон қарор доштанд, зеро аксари афғонҳо барои дарёфти ғизо ва сарпаноҳ мубориза мебурданд.
Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Лякин-Фролов дар бораи таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуфт
Ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки то замони тасарруфи толибон танҳо теъдоди андаке аз афғонҳо худро дар амн эҳсос мекарданд ва аксарият эҳсос мекарданд, ки рӯз аз рӯз вазъ бадтар мешавад.
Толибон дар вокуниш ба гузориши Goloop гуфтанд, ки ин хабар воқеият надорад.
Билол Каримӣ, сухангӯи толибон дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, ки ин гузориш бар таблиғи бардурӯғ асос ёфтааст.
Дар твити худ Каримӣ иддао кардааст, ки пас аз тасарруфи толибон бар Афғонистон, аксарияти мардум худро ором ва хушбахт ҳис мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0