Сокинони Тоҷикистон гармтарин рӯзҳоро пушти сар мекунанд: дамои ҳаво

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкЖара в Москве
Жара в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Сокинони Тоҷикистон гармтарин рӯзҳоро пушти сар мекунанд. Дар ҷануби кишвар, ки назар ба дигар манотиқ гармтар аст, ҳарорати ҳаво то 45 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 28 июн – Sputnik. Оҷонсии ҳавосанҷии кишвар мегӯяд, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, ҳарорат боло меравад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17, рӯзона ҳарорати ҳаво баланд шуда аз 27+32 то 32-37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои Дарвоз то +40 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Гармои шадид дунболагири шимоли кишвар низ ҳаст. Дар водиҳои Суғд шабона 20+25, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона ҳарорати ҳаво баланд шуда аз 23+28 то 29-34 дараҷа гарм мешавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Ҳушдори Раҳмон аз оқибатҳои гармӣ ва мушкили нави ҷаҳонӣ
Хатлониёнро ҳавои аз ҳама гарматар интизор аст, ки ин ҳадди болотарин дар соли ҷорист.
Ҳаво дар водиҳои минтақа шабона 21+26 ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 ва рӯзона ҳарорати ҳаво баланд шуда аз 27+32 то 32-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш дар назар буда, шабона 19+21 ва рӯзона 40+42 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0