Дар Амрико гуфтанд, Зеленскийро кӣ ва бо кадом мақсад куштан хост

© AFP/RONALDO SCHEMIDTПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муаррихи амрикоӣ мегӯяд, сиёсате, ки Зеленский ҳамчун президент пеш гирифтанӣ буд, эҳтимоли кушта шудани ӯро дар пай дошт
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленскийро бо куштор таҳдид карданд.
Дар ин бора муаррих, файласуф ва забоншиноси амрикоӣ Ноам Хомский дар мусоҳиба бо маҷаллаи "Nation" изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, сарвари давлат баробари ба курсии президентӣ расиданаш бо таҳдидҳои радикалҳои украинӣ рӯбарӯ шуд. Хомский таъкид кард, ки дар аввал Зеленский гӯё аз ҳалли мусолиматомези вазъ дар Донбасс ҷонибдорӣ мекард ва тавофуқоти Минскро иҷро карданӣ буд.
Муаррихи амрикоӣ мегӯяд, ин нияти Зеленский аз ҷониби радикалҳои маҳаллӣ бо душманӣ рӯбарӯ шуд ва онҳо ба таҳдид кардан гузаштанд.
"Ин маънои як навъ федерализатсияи Украинаро бо додани мухторияти муайян ба Донбасс хоҳад дошт. Ба Зеленский аз ин кор гурӯҳҳои мусаллаҳи радикалӣ ҷилавгирӣ карданд ва таҳдид намуданд, ки агар пофишорӣ кунад ӯро мекушанд", - бовар дорад Хомский.
Вай қайд кард, ки раҳбари Украина метавонад аз нуқтаи назари худ дифоъ кунад, агар ӯ аз ИМА дастгирӣ бигирад. Аммо Вашингтон ин вазъиятро нодида гирифт.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Фаронсавиҳо мехоҳанд, Зеленский абадан равонаи зиндон шавад
"Иёлоти Муттаҳида рад кард. Ҳеҷ дастгирӣ, ҳеҷ чиз - ӯ танҳо ба раҳмати тақдир вогузор шуд, дар натиҷа, ӯ маҷбур шуд, ки аз худ ақибнишинӣ кунад", гуфт коршинос.
Хомский афзуд, Амрико сиёсати ҳамгироии марҳила ба марҳилаи Украина ба НАТО-ро афзалтар медонад ва вазъ бо ба қудрат расидани Ҷо Байден дар Иёлоти Муттаҳида боз ҳам бадтар шуд.
Лентаи хабарҳо
0