Бархӯрди маргбори "Мерседес" ва "Опел" дар Варзоб

© Sputnik / Амир ИсаевВывеска при въезде в Варзоб
Вывеска при въезде в Варзоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бар асари бархӯрди маргбори худравҳо дар роҳи Хуҷанд - Душанбе 2 нафар ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар дар беморхона бистарӣ гардидаанд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Худрави "Опел", ки ҳомили аъзои як хонавода будааст, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб бо "Мерседес" бархӯрдааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ронандаи 42-солаи "Опел Вектра”, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд, ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромадаст.
Таъкид шудаст, ки дар натиҷа худрав ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисмати пеши “Мерседес Бенс”, таҳти идораи сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бархӯрдаст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Садамаи маргбор дар роҳи Бохтар - Данғара: ду тан ҳалоку се тан захмӣ шуд
Дар пайи бархӯрд ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" ва мусофираш зани 55-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Писарчаи 10-солаи ронандаи "Опел" ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар мавриди вазъи ронандаи автомашинаи "Мерседес Бенс" ҳам зикр шудаст, ки ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Садамаи маргбори дигар дар ҳолест, ки масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, садамаҳо дар кишвар асосан дар пайи риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ рух медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0