Байденро дар марги 42 муҳоҷир муттаҳам намуданд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗаявление Джо Байдена по ситуации на Украине
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Ҳадди ақал 42 нафарро дар як мошини боркаш дар роҳи хурде, ки ба шоҳроҳ мерасид, пайдо карданд. Губернатори Техас президентро дар марги муҳоҷирон муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Губернатори Техас Грегг Эбботт дар марги даҳҳо муҳоҷире, ки аз дохили мошини боркаш дар шаҳри Сан-Антонио пайдо шуданд, раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ва маъмурияти ӯро айбдор кард, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба саҳифаи Twitter -и губернатор.

"Дар Техас ҷасади дастикам 42 нафар дар як мошини боркаш ёфт шуд. Дар марги муҳоҷирон Байден гунаҳкор аст. Ин натиҷаи сиёсати кушоиши маргбори марзҳои ӯ аст", - навиштааст губернатор дар саҳифаи Twitter-и худ.

Қаблан шабакаи телевизионии ABC хабар дода буд, шумори ҷасадҳое, ки пайдо шудаанд, ба 46 нафар расидааст. Мошини боркаш дар роҳи хурде дар Техас пайдо шудааст, ки ба шоҳроҳ мебурд.
Гуфта мешавад, 16 муҳоҷир, ки дохили мошини боркаш зинда мондаанд ба бемористони маҳаллӣ интиқол дода шуданд. Аз миёни онҳо 12 нафар калонсол буда, чор нафари дигар ноболиғон ҳастанд.
Экс-президент США Дональд Трамп во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Трамп Амрикоро кишвари нозил ва расво гуфт
Зикр гардид, ки пизишкон дар онҳо нишонаҳо аз зиёд гарм шуданро муайян намуданд. Тибқи иттилои Департаменти оташнишонии Сан-Антонио, мошини боркаш, ки муҳоҷирон савори он буданд, об ва дастгоҳи шамолдиҳӣ (кондитсионер) надошт.
Феълан, ин ҳодисаи нохуш мавриди таҳқиқи мақомот қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол қабл дар Британия чунин ҳодиса рух дода буд. Он замон 39 муҳоҷир дохили яхдони фура ба ҳалокат расиданд. Ҳалокшудагон ҳамагӣ шаҳрвандони Ветнам буданд.
Гуфта мешуд, 39 муҳоҷирро ронандаи мошини боркаш дохили яхдон, ки ҳарорат он ҷо аз 25 дараҷа поён буд, маҳкам намудааст ва онҳо бар асари хунукхӯрӣ ҷон бохтанд.
Лентаи хабарҳо
0