Дар Чин гуфтанд, ки НАТО наметавонад садди роҳи Русия шавад

© Utenriksdepartementet UDСимвол НАТО в Брюсселе, архивное фото
Символ НАТО в Брюсселе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Нашрияи чинии "Global Times" менависад, НАТО бо вуҷуди ҳама қудраташ наметавонад Русияро аз иҷрои аҳдофи амалиёти вижааш боздорад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бо вуҷуди ҳамаи сармоягузориҳо дар даргириҳо дар Украина, Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ наметавонад Русияро аз иҷрои аҳдофи амалиёти вижааш боздорад, менависад Global Times.
Ба боварии муаллифи матлаб, ба зудӣ Амрико ва муттаҳидонаш ба зарурати эътирофи нигарониҳои қонунии амниятии Русия дар Аврупои Шарқӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
"Дар паси гапҳои таҷовузкоронаи НАТО зиддиятҳо ва ихтилофҳо дар дохили блок пинҳон мешаванд. НАТО бо роҳбарии Амрико кайҳо боз тамоми имкониятҳои худро ба кор бурдааст", - менависад нашрия
Манбаъ ҳамчунин таъкид кардааст, ки интиқоли аслиҳа ба Киев ва таҳримҳо алайҳи Русия танҳо ба паёмадҳои манфии иқтисодӣ барои худи онҳо оварда мерасонад.
"Амрикоиҳо ва аврупоиҳо хуб медонанд, ки Русия ба касе таҳдид намекунад. Ва мо метавонем интизор шавем, ки дар тирамоҳ сокинони кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарони худ саволҳо медиҳанд - чаро онҳо бояд ба мушкилоти иқтисодӣ тоб оранд?", - қайд намудааст нашрияи мазкур.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи нашрия, иддае аз кишварҳои узви НАТО иқрор шудаанд, ки аллакай тамоми захираҳои таҷҳизоти низомии худро барои Киев тамом кардаанд ва интиқоли силоҳҳои нав талош ва вақти зиёди истеҳсолиро тақозо мекунад.
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Медведев гуфт, ки бо кадом сабаб ҷанг миёни Русия ва НАТО метавонад рух диҳад
Ба ҳамин тариқ, муаллифи матлаб бовар дорад, ки Амрико нуфузи худро аз даст дода истодааст ва маҷбур мешавад, ки дидгоҳи худро дар бораи тартиботи ҷаҳонӣ бо дигар аъзоёни ҷомеаи байналхалқӣ ҳамоҳанг созанд.
Дар охири соли 2021 Русия тарҳҳои созишнома бо Иёлоти Муттаҳида ва созишнома бо НАТО дар бораи кафолатҳои амниятро нашр кард. Маскав, аз ҷумла, аз шарикони ғарбии худ кафолати ҳуқуқии даст кашидан аз густариши минбаъдаи НАТО ба самти шарқ, пайвастан ба блоки Украина ва таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ талаб кардааст.
Дар ин пешниҳодҳо ҳамчунин банд дар бораи истиқрори силоҳи зарбазани НАТО дар наздикии марзҳои Русия ва хуруҷи нерӯҳои эътилоф дар Аврупои Шарқӣ ба мавқеъҳои соли 1997 мавҷуд аст.
Лентаи хабарҳо
0