Давронов аз "Истиқлол" ба тими Ҳиндустон гузашт

© ФФТПолузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов
Полузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дастаи футболи "Истиқлол" расман дар сомонаи худ аз гузариши нимҳимоятгараш ба тими "Муҳаммедан"-и Ҳиндустон хабар дода буд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари дастаи футболи "Истиқлол" ба дастаи "Муҳаммедан" -и Ҳиндустон гузариш кард. Хабари аз "Истиқлол" ба дастаи футболи Ҳиндустон гузаштани Давроновро бошгоҳи ин тим тасдиқ намуд.
Бар хабари манбаъ, Нуриддин Давронов ҳамакнун фаъолияти минбаъдаи футболи худро дар чемпионати Ҳиндустон идома медиҳад.
Футболбози тоҷик бо бошгоҳи "Муҳамммедан", ки дар дивизиони аввали чемпионати Ҳиндустон бозӣ мекунад, шартнома баст. Муҳлати шартнома як сол гуфта мешавад.
Зикр гардид, ки ҳафтаи оянда Давронов ба Ҳиндустон парвоз мекунад ва ба тими нав ҳамроҳ мешавад.
Дар ҳоли ҳозир, дастаи "Муҳаммедан" баъди 18 даври рақобатҳо дар ҷадвал зинаи дуюмро ишғол мекунад.
Главный тренер душанбинского «Истиклола» Виталий Левченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Левченко пас аз бохтҳои пай дар пайи "Истиқлол" дастаро тарк кард
Бояд гуфт футболбози дигари тоҷик Комрон Турсунов дар ҳайати дастаи футболи "Чёрчилл Бразерс"-и Ҳиндустон баромад менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Виталиё Левченко сармураббии тими "Истиқлол" пас аз бохтҳои пай дар пайи дастааш тарки бошгоҳ кард. Муҳлати шартномаи ӯ ба ин тим ба анҷом расид ва ҳар ду ҷониб тасмим гирифтанд, ки онро дигар тамдид намекунанд.
Тибқи хабарҳо, Левченко фаъолияташро дар бошгоҳи "Тӯрон" -и Ӯзбекистон идома медиҳад.
Феълан иҷрокунандаи вазифаи сармурабии дастаи "истиқлол" -ро Алишер Тухтаев бар ӯҳда гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0