Густариши ҳамкорӣ: Душанбеву Теҳрон дар бахши саноатӣ тафоҳумномаи нав имзо карданд

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эрон ва Тоҷикистон бо риояти қавонини миллӣ ва тааҳҳудоти байналмиллалӣ ҳамкориҳои саноатӣ, маъданӣ ва тиҷориро тавсеа хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Алиризои Паймонкор, раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон ва муовини аввали Вазорати санъати Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкори имзо карданд, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар поёни ин сафари ҳайати тиҷории Тоҷикистон ба Эрон, тафоҳумномаҳои ҳамкориҳои муштараки тиҷорӣ ва санъати миёни Ҷумҳӯрии Исломи Эрон ва Тоҷикистон имзо шуд.
“Тафоҳумномаи ҳамкориро Алиризои Паймонкор, раиси Созмони тавсиа ва тиҷорати Эрон ва Бахтиёри Шарифӣ, муовини аввали Вазорати санъат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон имзо карданд”, - хабар додааст манбаъ.
Тибқи иттилои манбаъ, бар асоси ин тафоҳумнома, муқарар шуд Душанбеву Теҳрон бо риояти қавонини милли ва таъаҳудоти байналмиллалии ҳамкориҳои саноатӣ, маъданӣ ва тиҷориро тақвият кунанд.
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Мақомоти Эрон аз тақвияти равобит ва ҳамлу нақл бо Тоҷикистон хабар дод
Ҳамзамон ҷонибҳо дар бораи табодулоти ҳайатҳои тахассусии тиҷорӣ ва бозорёбӣ бахусус дар заминаи баргузории намоишгоҳҳои тахассуси тафоҳум карданд.
Тафоҳум дар бораи заминаи эҳдоси корхонаи тавлиди санг дар Тоҷикистон, тавсиаи ҳамкориҳо дар заминаи фановариҳои таҳқиқотӣ ва коҳиши мавонеъи таърифаӣ барои тавсиаи тиҷорат аз дигар мавориде буд, ки тарафайн ба тафоҳум расиданд.
Лентаи хабарҳо
0