Афғонистон ва иттиҳод: Кремл мавзуи музокироти Раҳмону Путинро гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Кремл дар сомонааш ба таври расмӣ аз мавзуъҳое ёдовар шудааст, ки роҳбарони Тоҷикистону Русия зимни музокирот дар шаҳри Душанбе баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон аз мавзуъҳои мавриди баррасии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин дар шаҳри Душанбе мебошад.
Дар ин бора сомонаи Кремл бо нашри як иттилоия хабар додааст. Масоили таҳкими шарикии стратегӣ ва иттиҳод миёни Душанбе ва Маскав аз мавзуъҳои дигари мулоқот арзёбӣ шудаанд.

"Дар барномаи гуфтушуниди сатҳи олӣ - масоили рушди муносиботи Русия ва Тоҷикистон дар бахши шарикии стратегӣ, иттиҳод ва инчунин мушкилоти минтақаӣ, аз ҷумла Афғонистон матраҳ мешаванд", - омадааст дар иттилоия.

Феълан музокироти дуҷонибаи Раҳмону Путин дар пойтахти Тоҷикистон идома дорад.
Табиист, ки масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба - тиҷорату иқтисод, бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд, изҳор дошт Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар шарҳи ин мулоқот.
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.
Путин прилетел в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Навори пешвози Путин дар фурудгоҳи Душанбе - видео
Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.
Сафари Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки масоили амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ дар минтақа арзёбӣ мешаванд. Ахиран нигарониҳое аз сӯйи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон низ садо доданд.
Лентаи хабарҳо
0