Лавров: Эрон номзади шоиста барои БРИКС аст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии Русия гуфт, тасмим барои вуруди Аргентина ва Эрон ба БРИКС бо иҷмоъ хоҳад буд, онҳо номзадҳои шоистае ҳастанд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ахиран дар поёни нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои ҳошияи Хазар ба хабарнигорон дар ин хусус тавзеҳ дод.
Ба гуфтаи оқои Лавров, Аргентина ва Эрон номзадҳои шоиста барои пайвастан ба БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои ҷанубӣ) ҳастанд ва мароҳили муқаддамотӣ барои густариши ин иттиҳодия оғоз шудааст.

“Албатта, Аргентина ва Эрон ҳар ду номзади шоиста ва қобили эҳтироме ҳастанд ва ҳамчунин теъдоди дигаре аз кишварҳое, ки дар баҳс ба онҳо ишора шудааст”, - афзуд вай.

Ба гуфтаи Лавров, тасмим дар мавриди вуруди як кишвар ба БРИКС бо иҷмоъ таъйин хоҳад шуд.
Флаги стран участников БРИКС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Аргентина ба БРИКС мепайвандад?
Вай ёдовар шуд, муҳимтарин чиз ин аст, ки раванди муқаддамотӣ оғоз шудааст.

“Меъёри аслӣ дар ин ҷо аввал аз ҳама, итминон аз короии бештар ва афзоиши таъсири амалии кори ин сохтор хоҳад буд.

Вазири умури хориҷӣ ба ин нукта ишора кард, ки дар ҷараёни рӯйдодҳое, ки ахиран дар чорчӯби БРИКС рух доданд, Русия бар омодагии худ барои баррасии густариши ин иттиҳодия таъкид кард.
Раисҷумҳури Русия низ дар суханрониҳои худ ба тавҷеҳ ва ба мавқеъ будани ин баҳс ишора кардааст.
Лентаи хабарҳо
0