Москалкова аз КБСС хостаст, дар баргардондани маллоҳони Русия аз Украина мусоидат кунад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксУполномоченный по правам человека в РФ Татьяна Москалькова
Уполномоченный по правам человека в РФ Татьяна Москалькова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Беш аз 70 маллоҳи Русия бидуни ҳеч асосе ҳамроҳ бо киштиҳояшон дар қаламрави Украина нигоҳ дошта мешаванд, мегӯяд ваколатдори ҳуқуқи инсон
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Федератсияи Русия, Татяна Москалкова аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх - КБСС дархост кардааст, ки барои баргардондани маллоҳон аз Украина мусоидат намоянд.
Ӯ зимни ҷаласаи фраксияи Ҳизби коммунисти Русия изҳор дошт, ки 77 шаҳрванди Русия дар киштиҳо дар Украина боздошт шудаанд.
"Ман хохиш кардам, ки дар баргардонданашон кумак кунанд, ба дидани 77 маллоҳи 8 киштӣ бираванд, ки моҳи сеюм бидуни ҳеҷ гуна асосҳои қонунӣ дар қаламрави Украина дар Измайл нигаҳдорӣ мешаванд", - изҳор дошт Москалкова.
Вай илова намуд, ки дар миёни боздоштшудаҳо занон ҳам ҳастанд.
"Аксари онҳо аз 60-сола боло ҳастанд, ҳангоми даъват кардани табиб душворӣ мекашанд, умуман ба соҳил баромада наметавонанд, дар соҳил, дар назди киштиҳо одамони мусаллаҳ ҳастанд”,- таъкид намуд ваколатдори ҳуқуқи башари ФР.
Жители Донецкой народной республики (ДНР) на железнодорожной станции в Дебальцево во время эвакуации на территорию России в Ростовскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Теъдоди гурезаҳо дар Русия аз Украина ва Донбасс аз 1,5 млн нафар гузашт
Вай қаблан низ изҳори нигаронӣ намуд, ки дар Украина баҳрнавардони киштиҳои мулкӣ боздошт мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки ваколатдори ҳуқуқи башар қаблан низ дар гузоришаш ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз фаъолияти КБСС дар пасманзари ҳаводиси Украина гила карда буд.
Аз ҷумла аз кори Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх изҳори нигаронӣ кард, ки иттилоъ дар мавриди ҳоли асирони русиягӣ ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ дар муносибат бо онҳоро ироа намекунад.
Дар зимн ваколатдори ҳуқуқи инсон аз номи гурезаҳо дар Русия ба Путин изҳори сипос кард, ки дар ҳалли мушкилоташон мусоидат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0