Навори пешвози Путин дар фурудгоҳи Душанбе - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Русияро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, дар назди зинапояи ҳавопаймо президенти кишвари мизбон пешвоз гирифта, дастфишорӣ намуданд
Сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар шаҳри Душанбе аз дастфишорию оғӯш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд.
Бар асоси видеои кӯтоҳи нашршуда, дар назди зинапояи ҳавопаймо Путинро Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта буд.
Феълан музокироти дуҷонибаи Раҳмону Путин дар пойтахти Тоҷикистон идома доранд.
Путин бо Раисӣ дар Туркманистон дидори ҷудогона мекунад
Табиист, ки масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба - тиҷорату иқтисод, бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд, изҳор дошт ахиран Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар шарҳи ин мулоқот.
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.
Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.
Сафари Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки масоили амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ дар минтақа арзёбӣ мешаванд. Ахиран нигарониҳое аз сӯйи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон низ садо доданд.
Лентаи хабарҳо
0