Путин: Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар тамос аст

© Sputnik / Михаил Метцель / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС
Президент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки кишвараш барои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон тамоми чораҳоро меандешад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ба мавзуъ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
Вай гуфт, Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсие, ки дар Афғонистон ҳастанд, тамос барқарор кардааст.
"Русия ҳамаи корро анҷом медиҳад, то вазъ дар Афғонистон ба эътидол биёяд ва ҳоло мо талош дорем, бо гурӯҳҳои сиёсие, ки вазъро дар Афғонистон контрол доранд, ҳамкорӣ намоем", - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Русия илова кард, ки дар ҳукумат ва мақомоти раҳбарии Афғонистон бояд тамоми ақвоми ин кишвар ҳузур дошта бошанд.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Афғонистон ва иттиҳод: Кремл мавзуи музокироти Раҳмону Путинро гуфт
Феълан музокироти дуҷонибаи Раҳмону Путин дар пойтахти Тоҷикистон идома доранд.
Табиист, ки масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба - тиҷорату иқтисод, бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд, изҳор дошт ахиран Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар шарҳи ин мулоқот.
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.
Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.
Сафари Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки масоили амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ дар минтақа арзёбӣ мешаванд. Ахиран нигарониҳое аз сӯйи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон низ садо доданд.
Лентаи хабарҳо
0