Путин вориди Душанбе шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Сафари кории Владимир Путин ба Тоҷикистон оғоз шуд, ки дар ҷараёни он мулоқоти як ба як бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин вориди Тоҷикистон шуд.
Ба иттилои як манбаъи Sputnik Тоҷикистон, ҳавопаймои раҳбари Русия дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.
Бино ба иттилои дастрасшуда, мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Қасри миллат баргузор мешавад.
Гуфтугӯҳо дар шакли як ба як сурат гирифта, баъд аз он мулоқоту гуфтугӯҳои ошкоро баргузор мешавад.
Раисҷумҳури Русия баъди Тоҷикистон аз Ишқобод боздид мекунад.
Визиты Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Сафарҳои Владимир Путин ба Тоҷикистон
Дар Туркманистон Владимир Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар, ки 29 июн баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари раисиҷумҳури Русия ба нишасти бисёрҷонибаи рӯбарӯ дар соли ҷорӣ ва дуввумин сафари хориҷӣ аст.
Ҳамин тариқ, моҳи феврали соли 2022 ӯ аз Чин, ки дар он ҷо Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ баргузор шуда буданд, боздид кард.
Сафари охирини раҳбари Русия ба Тоҷикистон моҳи июни соли 2019 сурат гирифта буд.
Лентаи хабарҳо
0