Қурби рубл дар Русия боз боло рафт

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Доллари амрикоӣ ва асъори аврупоӣ, ки Бонки марказии Русия барои рӯзи оянда муқаррар кард, дар бозори арзи ин кишвар майли поинравияшонро идома додаанд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Қурби расмии доллар, ки Бонки марказии Русия барои 29 ноябр муқаррар кард, аз ҳадди 53 рубл поин рафтаст.
Бар асоси додаҳои Бонки марказӣ, қурби доллари амрикоӣ ҳудуди 40 тин поин рафта, 52,96 рублро ташкил дод. Арзиши евро ҳудуди 16,5 тин поин рафта ба 55,8 рубл баробар шудаст.
Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евроро нисбат ба рубл дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозории Биржаи Маскав муайян мекунад.
Ин дар ҳолест, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Ин шӯхӣ нест: Путин аз хатари таҳримҳо ба иқтисод гуфт
Ӯ изҳор дошт, ки ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
"Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.
Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод.
Лентаи хабарҳо
0