Рогозин: НАТО додаҳо аз моҳвораҳои хусусиро ба низомиёни украинӣ мерасонад

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузаштан ба хазинаи аксГлава госкорпорации "Роскосмос" Дмитрий Рогозин, архивное фото
Глава госкорпорации Роскосмос Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкатҳои хусусии фароҳамкунандаи хадамоти моҳвораӣ ба ҷамъоварии маълумоте машғуланд, ки баъдан ба дасти нерӯҳои украинӣ мерасанд, гуфт роҳбари "Роскосмос"
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО маълумоти моҳвораии гирифтааш аз ширкатҳои хусусиро ба низомиёни Украина медиҳад, изҳор дошт Дмитрий Рогозин, мудири кулли "Роскосмос".
Ӯ дар суҳбат бо РИА "Новости" гуфт, фароҳамкунандаҳои хусусии хадамоти моҳвораӣ додаҳоро барои НАТО таҳия мекунанд, ки баъдан ба нерӯҳои украинӣ мерасанд.
"Ин иттилоъро аз манобеи гуногун дастрас мекунем, ки барои ифшои онҳо уҳдадор нестем. Аммо қотеона метавонам гӯям, ки ширкатҳои пешсафи моҳвораӣ, аз ҷумла ҳамон худи "Maxar" ба таҳияи додаҳо машғуланд", - гуфт Рогозин.
Вай таъкид намуд, ки НАТО баъдан маълумоти мушаххасро ба ҷониби Украина ироа мекунад. Мудири кулли "Роскосмос" изҳор дошт, ки дар ин кор андаке ҳам шубҳа нест.
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Медведев гуфт, ки бо кадом сабаб ҷанг миёни Русия ва НАТО метавонад рух диҳад
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабарнигорон муайян намуданд, ки моҳвораҳои тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чанд рӯз пеш аз қасди Украина барои ғасби ҷазираи Змеиний ин қаламравро дар Баҳри сиёҳ аксбардорӣ карда буданд. Бо вуҷуд талошҳо барои ғасби ҷазира натиҷа надоданд.
Инчунин моҳвораҳои мазкур корхонаи коркарди нафти Новошахтинскро 3 рӯз қабл аз зарба ба он аксбардорӣ намуда буданд.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0